Владислав Есипенко, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, шиканҷаҳоеро, ки баъди боздошташ дар Қрими ишғолшуда аз тарафи Русия аз сар гузаронд, ба таври муфассал нақл кард. Ӯ соли 2021 дастгиру зиндонӣ ва дар моҳи июни имсол озод шуд. Есипенко дар суҳбати нахустини худ гуфт, ки чӣ гуна зери латукӯб ва нерӯи барқ ба гуноҳ иқрор кард; эътирофе, ки дар додгоҳ пас гирифт.
"Аввал мезананд, баъд ба барқ мегузоранд. Дубора мезананд ва боз ба барқ пайваст мекунанд. Дар ҳамин вақт мудом аз ту суол мепурсанд. Ман ба онҳо гуфтам, бас кунед, ҳарчи бихоҳед имзо мекунам. Агар бигӯед, Кеннедиро ҳам ман куштам, қабул. Фақат шиканҷаро бас кунед," -- қисса кард ӯ.
"Фақат мехостам зинда бимонам"
Ин рӯзноманигор, ки шаҳрвандии Русия ва Украинаро дорад, ҳамкори "Қрим.Реалии", як тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ буд.
Вай баъди бештар аз чор соли боздошт ба гумони ҷамъоварии иттилоот барои ниҳодҳои амниятии Украина (худаш напазируфтааст) озод шуд. Дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ лаҳзаи дастгир шуданашро дар рӯзи даҳуми марти 2021 чунин ба ёд овард: "Ҳангоме дӯстамро ба ҷое мебурдам, нозири роҳ маро нигоҳ дошт. Дарҳол маъмурони Хадамоти Федеролии Амнияти Русия (ФСБ) омада, маро ба замин хобонданд."
Дар навори нашршуда аз тарафи ФСБ дида мешавад, ки дар канори ронанда норинҷаке истодааст. Есипенко мегӯяд, онро маъмурони амниятии Русия ҷобаҷо кардаанд, вале ҳамон норинҷак дертар ба унвони далели асосӣ ба зидди ӯ истифода шуд. Ӯро ба нигаҳдорӣ ва ҷобаҷоии маводи тарканда муттаҳам карданд, ҳарчанд додситонҳо дертар пазируфтанд, ки рӯйи норинҷаки кашфшуда асари ангушташ вуҷуд надорад.
Владислав Есипенко гуфт, баъд аз боздошт чашмбанду дастбанд зада, ӯро ба як утоқи зеризаминӣ бурданд. Ҷое, ки шиканҷа оғоз шудааст: "Фаҳмидам, ки қаҳрамон нестам. Фақат мехостам зинда бимонам. Мехостам, ҳарчи зудтар тамом шавад. Дар он лаҳза муҳим набуд, чи чизеро имзо мекунам, танҳо медонистам, ки бояд зинда бимонам."
"Мехостанд, моро бадном кунанд"
Баъди як ё ду рӯз вакили давлатие, ки аз сӯи Русия таъйин шуда буд, ба наздаш рафта, талош кардааст мутмаин шавад, ки ӯ номаи омодашуда ва дурӯғинро имзо хоҳад кард ё не. Ба нақли Есипенко, "ӯ гуфт, агар ҳамин рӯз имзо кунӣ, додгоҳ ҳангоми баровардани ҳукм сабукӣ хоҳад дод."
Дертар ӯ дар боздоштгоҳи муваққат тавонист бо вакиле, ки барои дидор бо зиндониёни дигар омада буд, тамос барқарор кунад, чун дигар зери назорати сахти маъмурони ФСБ набуд. Он вакил ба Есипенко гуфтааст, "ҳама аз пайи ту мегарданд. Ҳамсарат ва вакилони мудофеъ. Чи хуб, ки пайдо шудӣ."
Рӯзи дигар як вакили мудофеи мустақил ба дидораш рафтааст. Есипенко коғазеро имзо кардааст, ки бар асоси он аз баҳри вакили давлатӣ мегузарад ва тими ҳуқуқии навро мепазирад. Ҳашт рӯз баъди боздошт, Есипенко дар телевизиони давлатии "Қрим 24" зоҳир шуд.
Ӯ гуфт, ин мусоҳиба яке аз бахши эътироф ё иқрори маҷбурӣ буд. Ба қавли Есипенко, ФСБ матнеро омода карда, дар ихтиёраш гузошта буд, ки бояд онро аз бар мекард ва дар мусоҳиба такрор менамуд. Аз ҷумла, бояд дурӯғ мегуфт, ки норинҷаки пайдошуда дар мошин моли ӯст.
"Онҳо мехостанд Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва "Қрим.Реалии"-ро бадном кунанд. Талош доштанд, ки ба ҳамаи дунё нишон диҳанд, ки кормандони Радиои Озодӣ дар воқеъ ҷосус ҳастанд," – афзуд ӯ.
Додгоҳ дар моҳи апрели соли 2021 оғоз шуд, аммо пеш аз он як афсари амниятии Русия назди ӯ омада, хостааст, бовар ҳосил кунад, ки хабарнигор дар додгоҳ матни тайёрро такрор хоҳад кард ё не. Афсар гуфтааст, ҳамсари Есипенко ва вакилони дигари мудофеъ дар додгоҳ мешаванд, аммо ӯ бояд танҳо бо вакили давлатии Русия кор кунад.
"Ба хона баргаштам"
Есипенко вонамуд кардааст, ки ҳамаи инро қабул дорад, вале дар воқеъ дурӯғ мегуфт: "Мисли паридан аз болои як чуқурии бетаг аст. Намедонӣ ба он тараф мерасӣ ё не. Тамоми муддате, ки эътироф мекардам, ҳолам бисёр бад буд. Ҳис мекардам, ба ҳамаи он чи бароям азиз аст, хиёнат мекунам. Аммо дарк карда будам, ки агар муваффақ нашавам ҳам, бояд талош кунам."
Есипенко мегӯяд, дар рӯзи мурофиа матни омодашударо нахонд ва эълом кард, ки зери шиканҷа буд ва тамоми ончи бар ӯ гузашт, ғайриқонунист ва тасмим дорад, ки аз хидмати вакилони мудофеи мустақил истифода кунад. Чизе, ки додситону додрасро ғофилгир кард.
Чанд рӯз баъд Вазорати корҳои хориҷии Амрико озодии Владислав Есипенкоро хост ва нигарониҳоеро, ки пештар гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар мавриди ӯ иброз карда буданд, баён дошт. Аммо ӯ озод нашуд. Мурофиаи додгоҳӣ дар моҳҳои дигар идома кард ва ба гуфтаи Есипенко таҳти фишор қарор дошт, ки ҳамкорӣ кунад.
Додгоҳе дар Қрим моҳи феврали соли 2022 ӯро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба шаш сол зиндон маҳкум кард. Иттиҳоме, ки худаш, корфармояш ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар бофта донистанд. Додгоҳи олии зери назорати Маскав дар Қрим дертар ҳукмро ба панҷ сол поин овард.
Вай дар моҳи июни имсол озод шуд. Аввал ба Ереван ва Прага рафт ва сипас ба Украина бозгашт. "Вақте вориди истгоҳи қатори Киев шудем, шаҳрро дидем, ҷунбуҷӯши мардумро дидем. Ҳамон лаҳза фаҳмидам, ки ба хона баргаштам," – суҳбаташро ба поён расонд ӯ.