Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи нави Тоҷикистон дар мавриди об. Кӣ 324 миллион доллар медиҳад?


Мушкили камобӣ дар Тоҷикистон
Мушкили камобӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳеро пазируфтааст, ки бо харҷи 3 миллиард сомонӣ (324 миллион доллар) бояд дастрасии 72 дарсади аҳолиро бо оби пок таъмин кунад. Бо вуҷуди таблиғоти густардаи расонаҳои давлатӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҳалли мушкили об дар саросари ҷаҳон, беш аз нисфи аҳолӣ, бахусус сокинони деҳаҳо оби ошомиданӣ надоранд. Тарҳи нав то куҷо иҷрошаванда аст?

"Не дарахт, не полиз, ҳеч чиз надорам"

"Магар бо ду сатил об оварда мешавад? Шукр, кӯдакҳо об меоранд. Ҳозир обро мефурӯшанд. Ба 100 сомонӣ як мошин об мехарам, ба 15 рӯз намерасад."

Мелихол Раҳимова умрашро ҳамин тавр дар талоши дастрасӣ ба оби пок гузарондааст. Ин зан дар деҳаи Ҳаёти нав дар ноҳияи Хуросон ва 3-4 километр дуртар аз рӯди Вахш зиндагӣ мекунад.

Баъзе аз сокинони деҳа бо нассос ё обкаш аз дарё ба ҳавлиашон об овардаанд. Хонаи Мелихол Раҳимова дар баландист ва ҳам пуле барои кашидани хати об аз дарёро надорад. Зӯраш фақат ба харидани об аз мошинҳо мерасад.

"Не дарахт, не полиз, ҳеч чиз надорам. Ду помидорро харида меоранд, хӯрок мепазем. Пир шудам, 66-сола ҳастам, чӣ кор кунам," – гуфт ӯ.

Бино бар тарҳи нави ҳукумати Тоҷикистон, камбуди оби ошомиданӣ дар кишвар бояд то соли 2029 як андоза бартараф шавад. Барномаи давлатии таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов пешбинӣ мекунад, ки то чор соли оянда 72 дарсади аҳолии кишвар бо об таъмин шаванд.

Тибқи омори расмӣ, ки соли 2022 нашр шуд, танҳо 41 дарсади аҳолӣ ва асосан сокинони шаҳрҳо бо шабакаи таъмини оби ошомиданӣ пайвастанд. Вазъият дар вилояти Хатлон аз ҳама бадтар аст, чун танҳо 24 дарсади аҳолии ин минтақа оби ошомиданӣ доранду бас.

Дар бисёре аз деҳаҳои Тоҷикистон сокинон маҷбуранд, аз дурии чанд километр ба хонаашон об кашонанд ё аз мошинҳо об харанд. Дар барномаи ҳукуматӣ ин нукта тасдиқ шудааст, ки “дар аксар шабакаҳои обтаъминкунии деҳот назорати истеҳсолии сифати об амалан вуҷуд надорад.”

Пулро кӣ медиҳад?

Пурра амалӣ шудани барномаи ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини сокинон бо оби тоза ба як омили асосӣ, яъне пул вобаста аст. Ин барнома 3 миллиард сомонӣ ё 324 миллион доллар харҷ дорад.

Аз рӯи пешбинии мақомот, бояд 2,3 миллиард сомонӣ ё 249 миллион долларро шарикони рушд бидиҳанд. Аз буҷаи кишвар ва буҷаҳои маҳаллӣ барои ин барнома 439 миллион сомонӣ ё 46 миллион доллар ҷудо мешавад. Феълан маълум нест кадом созмон ҳозир аст ба Тоҷикистон 2 миллиард сомонӣ диҳад. Дар гузашта созмонҳои молӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкили камобӣ ба Тоҷикистон ёриҳои бузург кардаанд, аммо натиҷа назаррас набудааст.

Баъзе коршиносон аз ташаббуси ҳукумат барои ҳалли мушкили камобӣ истиқбол мекунанд, вале ба пурра амалӣ шудани барнома бовар надоранд.

Фаридун Усмонов, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт: "Бо обтаъминкунии аҳолӣ дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон ва ноҳияҳо аз якдигар куллан фарқ мекунад. Агар бо обтаъминунии аҳолӣ дар Душанбе тақрибан 95 дарсад аст, дар баъзе ноҳияҳои кишвар ин рақам ба 40 дарсад мерасад. Дар баъзе ҷойҳо то 20 фоиз ва аз он ҳам камтар. Аз ин рӯ, амалӣ кардани барнома дар чор сол, ба гумонам, ғайриимкон аст. Шояд дар соли 2029 тақрибан 50 дарсади мардуми Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ таъмин карда шаванд. Вале худи барномаи ҳукумат барои таъмини сокинон бо оби тоза иқдоми хеле хуб аст."

Дар барномаи ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини сокинон бо оби тоза омадааст, "таъмини пурраи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ... дар ҳама маҳалҳои аҳолинишин дар муддати даҳсолаи оянда бо сабаби маҳдуд будани маблағҳои сармоягузорӣ имконнопазир хоҳад буд."

Беш аз нисфи обҳои Осиёи Марказӣ аз кӯҳу дараҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли мушкили об дар ҷаҳон ба Созмони Милал пешниҳодҳо фиристода, дар Душанбе чанд нишасти бузург гузарондаанд. Бо вуҷуди ин, то ҳол беш аз нисфи аҳолӣ дар дохили кишвар аз нарасидани об шикоят мекунанд.

Қаҳрамони гузориши мо, Мелихол Раҳимова, ҳоло танҳо як орзу дорад: "Мехоҳем, ба ҳам мисли пулдорҳо соҳиби об шавем ва як қатра обро ба хубӣ гирифта бинӯшем. Ҳамааш ҳамин. Мо ҳам мехоҳем, ки зиндагиямон обод шавад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Об надорем. Магар бо ду сатил мушкил ҳал мешавад?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
XS
SM
MD
LG