Дар занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Монтгомерии аёлати Пенсилвания дар Амрико, ки сабаб ва иштирокдоронаш расман эълон нашудааст, як ҷавон аз Тоҷикистон осеби сахт бардоштааст. Муҳаммадазиз Раҳматзодаи 18-сола ҳоло дар шуъбаи эҳёгарии Шифохонаи кӯдакони шаҳри Филаделфия бистарист.
Занозанӣ, ба иттилои пулиси Монтгомери, шаби 14-уми август дар назди фурӯшгоҳи WAWA рӯй дод. Бо ҳозир шудани пулис иштирокдорони занозанӣ фирор карда, танҳо Муҳаммадазиз дар ҳолати беҳушӣ дар маҳалли воқеа мондааст. Ӯро сипас бо чархбол ба шифохона расонданд.
Набиҷон Раҳматзода, падари Муҳаммадазиз, рӯзи 20-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш шаш рӯз боз беҳуш аст ва дар бахши эҳёгарист.
Вай гуфт: “Вазъияти писарам вазнин аст. Табибон бояд майнаи ӯро ташхис кунанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳуҷайраҳои майнаи сар қариб пурра мурдааст. Тавассути хун бояд як моеъро ворид карда, майнаи сарро санҷанд, ки то чӣ ҳад зинда аст ва умеде барои монданаш ҳаст ё не.”
Ба гуфтаи падараш, Муҳаммадазиз ҳанӯз хонандаи мактаб аст ва рӯзи 16-уми сентябр ба синни 19 мерасад. “Ҳоло табибон ҳар чизе аз дасташон меояд, карда истодаанд. Умедам танҳо ба мӯъҷиза аз сӯи Худованд аст,” -- афзуд Раҳматзода.
Дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани занозанӣ хонаводаи Муҳаммадазиз маълумоти пурра надоранд ва ҳоло таҳқиқи қазия аз сӯи нозирон идома дорад.
“Полиси шаҳраки Морленди Поён ҳодисаро фаъолона тафтиш дорад. Агар касе шоҳиди ҳодиса бошад ё дар бораи он маълумот дорад, занг занад,” – гуфта шудааст дар эъломияи полис.
Чанде аз фаъолони тоҷики муқими Амрико, аз ҷумла Беҳзод Исомиддинов, мудири созмони “Тоҷикони Амрико” дар Филаделфия ва Парвиз Ниёзов, блогери тоҷик аз Ню-Йорк, барои аёдат ба шифохона рафтаанд. Онҳо дар ин бора дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Парвиз Ниёзов дар як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вазъро ин гуна шарҳ додааст: "Як нуқтаи ҷамъшавии наврасону ҷавонони то 21-сола будааст. Намояндагони ҳамаи миллатҳо. Дар ҳамон ҷо ҷамъ мешаванд. Ногоҳ гапашон мегурезад. Вақте мефаҳманд, ки полис омада истодааст, мегурезанд ва ғайриинтизор ҳамин бачаро мезананд." Ин фарзия расман эълон нашудааст. Ниёзов ҳам гуфтааст, навори ҳодиса ҳаст ва пулис онро таҳқиқ дорад.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Набиҷон Раҳматзода ва аъзои оилааш аз ҷумлаи онҳо ҳастанд, ки тақрибан ду сол пеш ба Амрико рафта, дар канори шаҳри Филаделфия зиндагӣ доранд.